top of page

         Деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ яке аз дурдасттарин деҳа дар Фалғарзамин ба шумор рафта, дорои табиати зебо, обҳои хунуку ҳавои салқин, мардуми заҳматкашу дардошно, диёрдўсту бофарҳанг ва ташнаи илму адаб мебошад.
        Аввалин маълумот оид ба ниҳоят қадимӣ будани ин деҳа, аз асноди аз Қалъаи Муғ пайдо гардида ба даст омадааст. Мутобиқи ин маълумот, ки ба асри 8 тааллуқ дорад, деҳаи Дарғ ҳануз аз ҳамон замон сар карда макони зисти одамон будааст. Тўли 13 қарн деҳаи Дарғ бо ҳамин ном ва бе ягон тағйирот вуҷуд дорад. Асноди мазкур ба мо иҷоза медиҳанд, то бо боварӣ бигўем, ки ин деҳа аз қарни 8 низ пештар пайдо шудаву маҳалли сукунати аҷдодони қадимии мо қарор доштааст. Фармондор (деҳдор)-и деҳа дар замони иншои санади болозикр (асри 8) ,УТТ(А)О ном шахс будааст.
     Деҳаи Дарғ дар баландии беш аз 1600 метр аз сатҳи баҳр, дар тарафи чап (мутобиқ ба ҷараёни рўдхона)-и Зарафшонрўд ҷойгир буда, бо деҳоти дигари н. Айнӣ: Каздон, Утоғар, Вешаб, Шамтич ва бо баъзе аз деҳоти ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ҳамҳудуд мебошад. Деҳа, ҳамчунин  тавассути ағбаи Фарзот бо водии Яғноб ва тавассути водии Яғноб бо саргаҳи дараҳои Варзоб ва Ромит пайваст мегардад. 
Деҳаи зебоманзари Дарғ аз соли 1905 сар карда, ба ҳайати ҷамоати Рарзи волости Фалғар, участкаи Панҷакент, уезди Самарқанди вилояти Самарқанди кишвари Туркистони империяи Руссия дохил будааст.
Накшаи зер муҳрест ки гуфтаҳои болоро тасдиқ менамояд. 
    Тибқи нақшаи боло, дар солҳои 1900-м дар деҳаи Дарғ 2 масҷид ва 2 мактаб фаъолият дошта, 2 ҷувозхона ва 4 осиёб гардон будаанд. Ғайр аз ин, дар деҳа ҳаммоми умумӣ ва оҳангархона низ фаъол буданд. Мутаассифона, имрўзҳо на аз осиёб хабаре ҳасту на аз ҷувозхонаву на аз ҳаммому на аз оҳангархона.
    Баъдан, деҳаи Дарғ тайи солҳои гуногун дар ҳайати ҷамоатҳои Рарзу Шамтичи ноҳияи Варзи Мунор (солҳои 1930-1933), Заҳматобод (солҳои 1933- 1955) ва аз соли 1955 то имрўз Айнӣ шомил мебошад. Дар ин мобайн, ноҳияи Айнӣ бо ноҳияи Панҷакент муттаҳид ва муддате ҳар ду ноҳия бо номи н. Панҷакент фаъолият мекардаанд. 
    Имрўз деҳаи Дарғ шомили ҷамоати Шамтич буда, то маркази ҷамоат 11 км ва то маркази ноҳия 59 км, то маркази вилоят ш.Хуҷанд наздик ба 230 км ва то пойтахти мамлакат ш.Душанбе 190 км масофа дорад. Тибқи омори мавҷуд аҳолии деҳа дар соли 2017 1898   нафарро ташкил медод.
    Аз солҳои 70-м сар карда, муҳоҷирати мардуми кўҳистон, аз ҷумла деҳаи Дарғ ба водиҳо ва шаҳрҳо шурўъ гардид. Имрўз аз ин деҳаи овозадор танҳо дар ш. Душанбеву ноҳияҳои атрофи он, ш. Қурғонтеппа, ноҳияи Ғозималик ва баъзе ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон беш аз 400 хонавода сукунат доранд. Ба ҳамин миқдор ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ барои кору зиндагии доимӣ тағйири макони зист намудаанд.
     Муассисаҳои давлатӣ. Дар деҳа як мактаби миёна, як бемористони минтақавӣ ва як клуб фаъол мебошанд.
     Масоҷид- дар деҳа 1 масҷиди Ҷумъахонӣ ва 2 масҷиди панҷвақта амал менамоянд. Масҷиди марказии деҳа-масҷиди ҷумъахонӣ, таърихи наздик ба саду панҷоҳсола дошта, бо беҳтарин санъат ва ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили: наҷҷорӣ, наққошӣ,гаҷкорӣ бино ёфтааст. Дар натиҷаи боло рафтани сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии мардум, афзоиши аҳолӣ низ бештар гардид. Аз ин рў, лозим дониста шуд, ки масҷид аз ҳисоби айвон ва пешайвонаш васеъ карда шавад. Ҳоло масҷид ҳамчун осори фарҳангӣ ва таърихӣ бо ҳифзи комили бинои кўҳна,нақшу нигори қадимии он ва илова намудани 14 офоқ тавассути ҳунармандони маҳаллӣ (наҷҷорону наққошони худӣ), хеле васеъу барҳаво, равшану зебо ва дорои нақшу нигори дилчасп ба як бинои таърихию фарҳангии зебо мубаддал гашта, диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд.Дар ин росто,хидмат, маслиҳатҳо ва сарварии марҳум Мирзои Сайид, Сайид Асрор, имоми ҳамонвақта Мулло Шамсиддин, кўмакҳои беғаразонаи Зубайдуллои Зубайд, ҳоҷӣ Ҷалолиддин, ҳоҷӣ Сафар, ҳоҷӣ Маҳадзамон, ҳоҷӣ Низомиддин, ҳоҷӣ Мирзо,марҳум ҳоҷӣ Муллосайфуддин ва тамоми мардуми деҳа, аз ҷумла 50 нафаре, ки як донагӣ сафедор кўмак кардаанд, меҳнати устоҳои чўбкор: Ёрмуҳаммади Устошариф, устод Ҷумъа Бадалов, марҳум Ниёзи Бобо, ҳоҷӣ Мусофир, ҳоҷӣ Камолиддин, ҳоҷӣ Мирзошариф, Сайфиддини Сангин, Бобоҷони Мирзоюсуф ва наққоши гулдаст Ҳоҷӣ Миршариф боиси таҳсин ва қадрдонӣ  мебошад.
Ҷойҳои дидании деҳа. 1. Миёнтўда-ҷоест ё теппаест, ки дар рў барўи деҳа воқеъ гаштааст. Вақте ба ин теппа мебароӣ, деҳа бо тамоми манзараҳояш, сойҳое, ки аз чор тарафи деҳа аз баландкўҳҳо ба самти деҳ сарозер омадаанд ва ҳар кадоме аз ин сойҳо бо тамоми рангорангиву хусусиёти табиияшон дар пеши назари бинанда ба ҷилва медароянд.
      2. Мактаби деҳа. Мактаби деҳа яке аз ҷойҳои зебоманзар ва диданӣ буда, бо ташаббус ва такудави фарзонафарзандони диёр ҳамчун мактаби замонавии сеқабата ва дорои тамоми имконот сохташуда, хеле хуб таҷҳизонида шудааст. 
     Дар сохтмони ин мактаби бошукўх хидматҳои бузургмардони диёр: устод Султон Сафар, Мулло Наврўз Восиев, Махсум Одинаев, Гул Муҳаммад Қурбонов, Мирзо Бадалов, Муҳаммад Яъқуб ва дигар ватандўстони дарғӣ ниҳоят бузург ва қобили таҳсину таҳният мебошад. Имрўзҳо мактаб номи яке аз ин бузургмардон Мулло Наврўз Восиевро дорад.
     3.Бемористони деҳа. Бемористон соли 1980 бо ташаббус ва кўшишҳои пай дар пайи устоди арҷманд Махсум Одинаев сохта ба истифода дода шуд. Дар сохтмони бинои бемористон ҳиссаи беҳтарин ҷавонмардони ҳамдиёр С.Сафаров, Мирзо Бадалов, Авезмаҳмад Одинаев, яке аз ҷонишинони вазири тандурустии давр Ғуломшоҳ Одинамамадови бадахшонӣ-аз беҳтарин дўстони Султонқул Сафаров ва дигарон буданд. Ногуфта намонад, ки нақши Султонқул Сафаров  дар тамоми иншоотҳое,ки дар ҳамон солҳо дар деҳа қомат рост карданд, хеле барчаста аст. Аввалин сардухтурони ин муассисаи табобатӣ           Н, Қурбонов, Қ.Ҷумъаев, А. Ғафуров, Р.Авезов, А.Одинаев  ва аз соли 2007 то имрўз Сайидаброр Сатторӣ мебошад. Муассисаи мазкур аз соли 2018 номи устоди зиндаёд Махсум Одинаевро дорад.
    4. Сойҳои тагоби Искидарғ-Мунҷг бо назардошти овулҳои Хавол, Нармкаш, Фарзот, Ниҳон, Дуоба, Ғудифу Мунҷг ва сойи Ғазза бо дар бар гирифтани овулҳои Ғаззаи Боло ва Пойин, манзараҳои афсункунандаи Пеши Каҷу Таги Хор-силсилаҷойхое мебошанд, ки аз дидани табиати нотакрорашон ва нафас кашидани ҳавои тозаву нўшидани обҳои мусаффояшон рўҳи инсон болида, илҳом ба шавқу шўр  омада ва барои қалби одамӣ колбадаш тангӣ мекунад.
    Ҷойҳои муқаддас. Дарғ аз чаҳор гузар иборат аст. 
    Пордар, Миёна, Седодарон ва Боло. Даромади деҳ аз Пордар оғоз мегирад ва Пордар аз муқаддасҷойе бо номи Ҳатт(д)-и Мулло. 
      Қадамчойи Ҳатти Мулло дар даромадгохи деҳа бо ибтикор ва кўшиши олиму орифи замон, марҳум домулло Сайфиддин (Парвардигор раҳмату мағфират карда бошад) бозсозӣ шуда, яке аз биноҳои зебои деҳа мебошад ва ҳар бинандаро ба сайру саёҳати мадорису амокини муқаддаса ва таърихию фарҳангии шаҳрҳои Самарқанду Бухоро мебарад. 
       Агар рўзе ягон нафар ошиқу шайдои диёр пайдо шавад ва бо истифода сармояи худу ҷамъи ҳамдиёрон аз он тарафи сой низ ба ҳамин монанд биное бунёд намояд, намуди деҳа ба куллӣ тағйир хоҳад ёфт. Як дарвозае ба вуҷуд хоҳад омад, бисёр мўҳташам зебо ва дилнишин. Пас метавон гуфт, ки аз дувоздаҳ дарвозаи Бухоро якеаш дар Дарғ бино шудааст ё сездаҳумин  дарвозаи Бухоро  дар Дарғ сохта шудааст. 
       Сойи болои Дарғро сойи Сурхӣ гўянд. Дар масофаи тақрибан 2 километрии ҳамин сой (аз лаби дарё), мазоре ҳаст бо номи Хоҷа Абдурраҳмони Ғозӣ. Сойи мазкур ба ғайр аз чарогоҳи зимистона ва киштзори лалмӣ буданаш, дар фаслҳои баҳору тирамоҳ барои мардуми диёр ташвишхои зиёдеро ба  армуғон меоварад.
      Сойи Ғазза дар рў ба рўйи деҳ воқеъ гардида, тақрибан дар охири сой, дар он теппа ва ҳамворие, ки хонаҳо ва заминхои овули Ғаззаи Боло воқеъ гардидаанд, мазоре мавҷуд аст бо номи Хоҷаи Сабзпўш. Ин сой низ дар баробари ҳама зебогӣ ва атоҳояш ба мардум, боз гоҳ-гоҳе  дар бағалаш озору ташвишхоеро  ҳам барои сокинон «ҳадя» меоварад.
      Сой ё Тагоби Искидарғ ва  Мунҷг. Дар ин сой, дар қисмати Искидарғияш мазори 2  бузургвор воқеъ гаштаанд, ки якеро мазори Хоҷаи Ғор (ё Ғойиб) гўянд ва дигариро мазори Хоҷа Музлим номанд. Мардуми деҳаи Дарғ ва деҳоти атрофи он ба ин амокини муқаддас эҳтирому эътиқод қоиланд.
     Мардуми деҳаи Дарғ аз қадимулайём ба деҳқонӣ, чорвопарварӣ, косибӣ (оҳангарӣ, осиёббонӣ, мўзадузӣ, намадмолӣ, дуредгарӣ, пўстмолӣ, бофандагӣ, дўзандагӣ, пазандагӣ, қандалотрезӣ, гаҷкорӣ, санги осиёбтарошӣ) ва ғайраҳо шуғл доштаанд.
     Илму адабдўстӣ, мактабу мактабдорӣ, имону имондорӣ, дўстиву рафоқат, дастгиру мададгори ҳамдигар будан, тақвову тақводорӣ ва….дигар сифатҳои олии инсонӣ аз амалҳои солеҳе будаанд, ки аз қадимулайём хоси ин мардум будааст.
     Мардуми доништалаб, ҷўяндагони роҳи илму маърифат ва пахшкунандагони нури маърифати ин кўҳандиёр ҳанўз садҳо сол пеш пои пиёда бо тай намудани садҳо километр роҳ, бо доштани китобҳои муқаддаси Қуръони Кариму Ҳафтьяк, Саъдиву Ҳофиз, Абуалӣ Синову Абдураҳмони Ҷомӣ ва Бедилу Саноӣ дар кўлвор ва порае нон дар бағал роҳи марказҳои илмиву фарҳангии он замон-Бухорову Самарқанд, Ҳирот, Қандаҳор ва ҳатто Бағдодро пеш гирифта, дар ин марокиз таҳсили илмҳои замон намуда, бо кўлвори пур аз илму дониш дар  замир ва чароғу машъали маърифат дар даст ба диёри хеш баргашта, дар қалби мардум тухми илму маърифат кошта, чашми эшонро бино намуда, роҳи онҳоро равшан менамуданд. 
      То имрўз мардуми кўхандиёри Дарғ номи нобиғаҳои замон Мулло Алимуҳаммад, Мулло Шариф, Мулло Юнус, Мулло Мирмуҳаммад, Мударрис, Мулло Шодӣ, Мулло Бобо, Мулло Сафар ва даҳҳои дигарро бо зикри хайр ёдоварӣ менамоянду ба рўҳу арвоҳи эшон бо  қироати ояте аз Қуръони Азимушшаън  дуруд мефиристанд.
       Маҳз бо шарофати ҳамин машъалбардорони илму фарҳанг мардуми маърифатдўсти деҳаи Дарғ ва деҳоти атрофи он бо осори гаронбаҳои гузаштагонамон ошно гашта, порчаҳои зиёде аз онҳоро аз ёд карда, дар тўю маросимҳо аз онҳо фаровон истифода мекарданд. 
      Дар деҳа маҳфилҳои Шоҳномахонӣ, Бедилхонӣ, Туғралхонӣ, қиссахонӣ, мухаммасгўйӣ ва ғайраҳо хеле фаъол буданд. Бахусус, дар тўю сури мардум, шабҳо дар рўшании фонўсҳо ва чароғҳо (то солҳои 60 -65-м дар деҳот барқ набуд) дар меҳмонхонаҳо соҳибдилон, наттоқон ва ромишгарону ҳофизони мардумӣ дар гирди дастурхони мурод нишаста, қисме ба реза кардани сабзиву пиёз, қисме ба қиссагўйӣ ва шерхонӣ ва қисме ба мухаммасхонӣ машғул мешуданд.
     Бо итминон метавон гуфт, ки яке аз сарчашмаҳои илҳоми ҳамдеҳагони мо дар интихоби касб, ҳамин нишасту бархостҳо дар чунин маҳофил будаанд. 
      Бешак, дар соҳаҳои мухталифи илму фан бебокона қадам гузоштану ба дараҷа ва унвонҳои баланди илмӣ расидани даҳҳо нафар ҳамдиёронамон низ агар дар мадди аввал мактаб бошад, баъдан таъсир ва файзи  ҳамин шабнишиниҳо низ мебошад. 
      Имрўз ва он рўзҳо низ мактаби диёри Дарғ ҳамчун нигине дар қалби Фалғарзамин дорои ҷило ва дурахши махсуси хеш будааст. Тўли солҳои дароз, аз солҳои сиюми асри гузашта то ба имрўз, мактаби миёнаи рақами 5-и ин деҳа даҳҳо нафар номзадҳои илм, докторон, профессорон, академикҳо, сафирону фиристодаҳо, кормандони  давлативу ҷамъиятӣ ва ҳизбиву ҳарбиро тарбия намуда, пешкаши ҷомеаи Тоҷикистон ва дигар кишварҳо гардонидааст.
    Танҳо мутахассисони соҳаи тибби ин деҳа бештар аз 50 нафар (дорои маълумоти олии тиббӣ ва унвонҳои илмии тиббӣ) мебошанд,
    Аз ҷамъи шогирдони ин муассисаи таълимӣ имрўз 6 нафар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, бештар аз 15 нафар узви Иттифоқи журналистон ва 12 нафар шоиру нависандагон мебошанд.
       Бештар аз 35 нафар хатмкунандагони мактаби миёнаи ба номи Мулонаврўз Восиев баъди хатми макотиби Олӣ  ба Вазорату кумитаҳои қудратӣ, амниятӣ, ҳифзи сарҳадот, гумрук ва ғайра даъват гардида, солҳои зиёде дар ин мақомот хидмати сазовор намудаву намуда истодаанд.
     Нақши ҷавонмардони ғаюри Дарғро дар барқарор ва ҳифзи Сохти Конститутсионии Ҷумҳурӣ набояд аз ёд баровард. Замоне, ки фазои ҷумҳурии азизамонро абрҳои тираи аҳриманӣ пўшида буданду хатари парокандагии мардуму порашавии кишвар ба маҳалхо ва қавмҳо ба давлату ҳукумати Тоҷикистон таҳдид мекард, даҳҳо ҷавонмардони ғаюри дарғӣ аз маҳалҳои зисти доимиашон: шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Хуҷанд, Зафаробод ва дигар ҷойҳо бо ҳар роҳе худро ба Марказ расонида дар паҳлуи хамдиёрони душанбегияшон қомат рост карда, якрўву як қавлу як маром дар сафи аввали ҳомиён ва барқароркунандагони Сохти Конститутсионии ҷумҳурӣ қарор гирифта, то охир дар мавқеи хеш устувору побарҷо истода , аз мубориза даст накашиданд.
      Падарону бобоён ва ҷадд андар ҷадди ин ҷавонмардони баору номус дар гузашта низ, ба хусус дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонии солҳои 1941-1945 барои ҳифзи Ватани азизи хеш, ки номи пуршарафи Иттиҳоди Шўравиро дошт, аз худ шаҳомат, ҷасорату мардонагӣ, қаҳрамониву азхудгузариҳои бемислу монанде нишон дода, Ватан, кишвар, номус, хонадон ва ҳайсияти худу ҳамватанонашонро бо қимати ҷон ҳимоя намуда, дар пок сохтани ҷаҳон аз шарри фашизм саҳми босазое гузоштаанд. Дар ин ҷанги хонумонсўз аз деҳоти Дарғу Каздон наздик ба 150 нафар ҷавонмардон ширкат доштаанд, ки ниме аз онҳо дар ҷараёни ҷанг барои озодии ватан ва халқияту миллиятҳои гуногун дар майдонхои набард ҷонҳои ширини хешро дареғ надоштаанд. Мо ҷавонон бояд қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳои аҷдодони хешро ҳеҷ гоҳ фаромўш накунем. Фаромўш накардану аҷр гузоштан ба хидматҳои ҷоннисоронаи гузаштагон ва имрўзиёнро, мо имрўзиён, ба хусус ҷавонон бояд вазифаи аввалиндараҷаи хеш донанд. 
     Аксарият бар онанд, ки имрўз дар ҷомеа ду ҷойи муқаддас барҷо мондааст, ки яке мактаб ва дигаре масҷид мебошад. Аммо пешрафти бо суръати ҳаёт, дастрасӣ доштан ба дастовардҳои илму техникаи ҳозиразамон, ҳамроҳ шудан ба дарёи пурталотуми ҷаҳонишавӣ, ташкили зиндагии арзандава шоиста ва ҷавобгў ба шароити замон ба мо ин ҳуқуқро медиҳад,ки мо дар ҷойи аввал мактабро гузорем. 
      Моро зарур аст, ки пеш аз ҳама, бар муқаддасоти мактаб биафзоему эҳтироми устодон ва меҳри онҳоро дар синаҳо бипарварем ва ба рўҳониёни парҳезкор ва боимони диёр низ, ки дар тарбияи ахлоқии мардум, ба хусус, ҷавонон саҳми бориз доранд, эҳтиром қоил бошем. Агар масҷид ва рўҳонияти солим ба кори худ самимона, беғаразона ва танҳо ба хотири Худо машғул шавад ва дурр аз сиёсат бошад, иншоаллоҳ оқибати ҳама  корҳо ба хайр хоҳад шуд.

© 2023  Д Е Ҳ А И  М О     «САҲМГУЗОРӢ БАРОИ ОБОДОНИИ ДЕҲАИ ХУД».   

  • Vkontakte
  • Facebook
  • LinkedIn
bottom of page